Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боздошти ҷавонзан бо гумони дуздӣ

Дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ Шайхова Б.А., соли таваллудаш 2003, сокини ноҳияи Рӯдакӣ дар содир намудани ду ҳолати дуздии ҷавоҳироти тиллоӣ аз нуқтаҳои савдои ҶДММ «Бозори Корвон» ҳамчун гумонбар дастгир карда шуд.
Номбурда 10 августи соли 2026 аз нуқтаи савдои Ҳафизова Ҷ., як адад ҳалқаи тиллоӣ, арзишаш 3 ҳазор сомониро бо роҳи пинҳонӣ тасарруф кардааст. 
Инчунин, 12 августи соли 2026 аз нуқтаи савдои Сафарова Ш.А., ду адад ангуштарини тиллоӣ ба маблағи умумии 7 ҳазор сомониро ба таври пинҳонӣ рабудааст. 
Оид ба ҳолатҳои мазкур тафтишот идома дорад.

24.08.2026 10:31
42