Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо ҳайати шахсии Воҳиди махсуси ВКД
23 августи соли 2026 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо ҳайати шахсии Воҳиди махсуси ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба таъмини бехатарии ҷамъиятӣ дар самтҳои ҳаракати Сарвари давлат ва меҳмонони олиқадр вохӯрӣ доир намуд.
Зимни мулоқот вазири корҳои дохилӣ ҳайати шахсиро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик гуфта, таъкид намуд, ки ин ҷашн барои мардуми Тоҷикистон яке аз муҳимтарин санаҳои сиёсиву таърихӣ ба ҳисоб меравад.
Вазири корҳои дохилӣ дар суханронии худ нақши созандаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва фароҳам овардани заминаҳои рушди устувори кишвар дар даврони Истиқлол махсус таъкид кард.
Дар идомаи вохӯрӣ ба масъалаҳои омодагии касбӣ ва масъулияти ҳайати шахсӣ таваҷҷуҳи хос зоҳир гардида, ба кормандон дастуру супориш дода шуд, ки ҳангоми баргузории чорабиниҳои давлатӣ ва сафарҳои Сарвари давлат, инчунин қабули меҳмонони олиқадр, бо риояи қатъии талаботи бехатарӣ, зиракиву ҳушёрӣ ва масъулияти баланд вазифаҳои хизматии худро иҷро намоянд.
Таъкид гардид, ки таъмини амнияти ҷамъиятӣ ва ҳифзи тартибот ҳангоми чорабиниҳои муҳими давлатӣ аз ҳар як корманди мақомоти корҳои дохилӣ интизоми баланди хизматӣ ва омодагии ҳамаҷонибаро талаб менамояд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ ба ҳайати шахсӣ барои иҷрои босифати вазифаҳои хизматӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ дастуру супоришҳои мушаххас дода шуд.



















