Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҷинояти қаллобӣ

Кормандони ШВКД-1 дар шаҳри Исфара дар кирдори сокини ҷамоати деҳоти Ворухи шаҳри мазкур Давронов Максуд соли таваллудаш 1977 ҷинояти қаллобиро ошкор намуданд. Номбурда гарчанде қаблан бо моддаи 247 Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, хулосаи зарурӣ набароварда, боз моҳи январи соли 2025 бо роҳи фиреб ва боварии сокини шаҳри Исфара Абдухолиқова М.Р., даромада, бо ваъдаи ҳуҷҷатгузорӣ карда додани бинои навсохтмон аз ӯ маблағи 1 млн 600 ҳазор рубли Федератсияи Россияро гирифта, ба манфиати шахсиаш сарф намудааст. Нисбати Давронов М., бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад

22.08.2026 9:46
46