Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ғолибияти «Нозирони навраси ҳаракат» дар озмуни байнидавлатӣ

Дастаи «Нозирони навраси ҳаракат»-и Ҷумҳурии Тоҷикистон дар озмуни байнидавлатии «Нозирони навраси ҳаракат» миёни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки аз 12 то 20 августи соли 2026 дар вилояти Қостанайи Ҷумҳурии Қазоқистон баргузор шуд, сазовори ҷойи аввал гардид.
Наврасони тоҷик дар рафти озмун бо нишон додани донишу малакаи баланд, интизоми намунавӣ ва маҳорат миёни иштирокчиёни кишварҳои узви ИДМ натиҷаи беҳтаринро ба даст оварданд.
Ин дастовард аз сатҳи баланди омодагии наврасон дар самти риоя ва тарғиби қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ва фаъолияти самараноки масъулони соҳаи тарбияи ҳуқуқӣ ва пешгирии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт шаҳодат медиҳад.
21 августи соли 2026 роҳбарияти Раёсати Бозрасии давлатии автомобилии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе дастаи ғолиби «Нозирони навраси ҳаракат»-ро бо тантана пешвоз гирифтанд.
Ҷойи аввал дар ин озмуни байналмилалӣ дастоварди арзандаи дастаи «Нозирони навраси ҳаракат» ба ҳисоб рафта, боиси ифтихори тамоми шаҳрвандон мебошад.

22.08.2026 8:45
37