Ҷаласаи корӣ оид ба раванди рақамикунонӣ дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон
21 августи соли 2026 дар Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро зери роҳбарии муовини вазири корҳои дохилӣ, генерал-майори милитсия Машрабзода Ҷамшед Хол ҷаласаи корӣ оид ба раванди рақамикунонӣ баргузор гардида, дар кори он ҳайати роҳбарикунандаи ҷузъу томҳои мақомот ва кормандони масъули соҳа иштирок намуданд.
Муовини вазири корҳои дохилӣ зимни суханронӣ иброз кард, ки дар ҷаласаи якуми Шуро оид ба рушди иқтисоди рақамӣ, ки таҳти раёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 19 августи соли 2026 баргузор гардид, масъалаҳои рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ, ҳамгироии махзанҳои маълумот ва тадбирҳо оид ба амалисозии Барномаи рушди иқтисоди рақамӣ барои солҳои 2026–2030, ки бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №101 аз 28.02.2026 тасдиқ гардидааст, мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Таъкид карда шуд, ки вобаста ба дустуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат, ҷиҳати амалигардонии рақамикунонии соҳаҳо, гардиши ҳуҷҷатҳои электронии байниидоравӣ, ҳисоббаробаркунии ғайринақдӣ ва ташаккули ҳукумати электронӣ дар ҷузъу томҳои мақамоти корҳои дохилӣ, фаъолияти гуруҳи кории доимоамалкунанда, ки тибқи Фармоиши Вазорати корҳои дохилӣ №139 аз 19.02.2026 таъсис дода шудааст, ҷоннок карда шавад.
Дар ҷаласа, инчунин масъалаҳои баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии кормандон, истифодаи самараноки низомҳои иттилоотӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ ва ҳифзи маълумот, инчунин такмили минбаъдаи инфрасохтори рақамии мақомоти корҳои дохилӣ мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифтанд.
Дар фарҷоми ҷаласа вобаста ба масъалаҳои баррасишуда ба роҳбарони ҷузъу томҳои дахлдор дастуру супоришҳои мушаххас дода шуда, таъкид гардид, ки ҷиҳати иҷрои саривақтию босифати онҳо ва татбиқи минбаъдаи барномаи рақамикунонӣ тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд.



















