Садамаи нақлиётии марговар
20-уми августи соли 2026, тахминан соати 12:00, дар роҳи мошингарди деҳаи Котмаи ҷамоати деҳоти Ғозиёни ноҳияи Бобоҷон Ғафуров садамаи нақлиётӣ рух дод. Ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес-Бенс» рақами қайди давлатиаш 00-50 WT/02, шаҳрванд Обидов Шерозбек, соли таваллудаш 2005, сокини ноҳияи Ҷаббор Расулов, ҷамоати деҳоти Ғулакандоз, ҳангоми ҳаракат аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба қисмати қафои воситаи нақлиёти тамғаи «Дулан» рақами қайди давлатӣ 167 СА/02, ки дар канори роҳ меситод, бархӯрдааст.
Дар натиҷа, ронандаи воситаи нақлиёти тамғаи «Мерседес-Бенс» шаҳрванд Обидов Ш., ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Таҳқиқи ҳодиса идома дорад.















