Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ

Кормандони милитсияи шаҳри Хуҷанд дар натиҷаи доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷинояти дуздиро ошкор ва содиркунандаи онро дастгир намуданд. 
Шаҳрванд Маҳмадҷонов Р.А., истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанд ба ШВКД дар шаҳри мазкур муроҷиат намуд, ки аз ҷониби шахсони номаълум аз дохили мағозаи «Apple TJ», воқеъ дар ҳудуди бозори Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд, 1 адад телефони мобилии тамғаи «iPhone 17 Pro Max», ки арзишаш 15000 сомониро ташкил медиҳад, дуздида шудааст.
 Ҳамчун гумонбар дар содир намудани ҷинояти мазкур шаҳрванд Назиров Фирӯз соли таваллудаш 2005, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат аз ҷониби кормандони милитсия дастгир карда шуд. 
Нисбати номбурда парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардидааст.
Инчунин, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Шуғнон, шаҳрванд Ҷонмирзоева Галина соли таваллудаш 1988, истиқоматкунандаи  ноҳияи Шуғнон ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд. 
Гуомонбар бо роҳи пинҳонӣ аз назди дари даромадгоҳи ташнобхонаи шаҳри Хоруғ 1 адад телефони мобилии тамғаи «Айфон 16 Pro Max»-ро, ки арзишаш 15000 сомониро ташкил медиҳад, дуздида аз ҷои ҳодиса ғайб задаааст. 
Аз рӯйи ҳолатҳои зикршуда тафтишот идома дорад.

21.08.2026 10:06
41