Дуздӣ
Шаҳрванд Алиева М.А., соли таваллудаш 1972, истиқоматкунандаи ноҳияи Фирдавсӣ ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ муроҷиат кард, ки санаи 18-августи соли 2026, тахминан соати 12:00-дақиқа шахси номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз нуқтаи савдояш воқеъ дар бозори “Корвон” 1-адад ангуштарини тиллоиро дуздида, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. Зарари расонидашуда, 7 ҳазор сомониро ташкил медиҳад
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавӣ шаҳрванд Шайхова Б.А., соли таваллудаш 2003 истиқоматкунандаи ноҳияи Рӯдакӣ ҷамоат деҳоти Сарикиштӣ ҳамчун гумонбар дар содир кардани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Тафтишот дар ин самт ба роҳ монда шудааст.
















