Авбошӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-2 дар ноҳияи Сино шаҳрванд Сатторов Д.А., соли таваллудаш 2007, истиқоматкунандаи ноҳияи Сино кӯчаи Зарафшон бо гумони содир кардани ҷинояти авбошӣ дастгир карда шуд.
Номбурда санаи 18-августи соли 2026 тахминан соати 20:30-дақиқа дар назди Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон бо ноболиғ, Б.А., соли таваллудаш 2010 истиқматкунандаи ноҳияи Шоҳмансур муноқиша намуда, бо корди дар дасташ буда як маротиба ба пои рости ноболиғ зарба зада, ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Вобаста ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.

















