Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ваҳдату Истиқлоли кишвар — асоси пойдории давлат

19 августи соли 2026 дар толори маҷлисии Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Ваҳдату Истиқлоли кишвар — асоси пойдории давлат» ҳамоиши идона баргузор гардид.
Дар ҳамоиш кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ, меҳмонон ва роҳбарияти Вазорати корҳои дохилӣ иштирок намуданд.
Чорабиниро муовини вазири корҳои дохилӣ, полковники милитсия Холиқзода Баҳодур ифтитоҳ намуда, кормандзанони мақомоти корҳои дохилӣ ва меҳмононро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуд.
Зимни суханронии худ муовини вазир таъкид кард, ки маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ бо роҳбарии хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мақому мавқеи зан дар ҷомеа ба таври назаррас боло рафта, барои иштироки фаъолонаи занон дар ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии кишвар шароити мусоид фароҳам оварда шудааст.
Дар идомаи ҳамоиш ходими давлатӣ Хайриниссо Юсуфӣ дар мавзӯи «Нақши босазои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкими сулҳу ваҳдат ва Истиқлоли кишвар» суханронӣ намуда, саҳми Пешвои миллатро дар барқарорсозии сулҳу суботи ҷомеа, таҳкими ваҳдати миллӣ ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол муҳим арзёбӣ намуд. Ҳамзамон, оид ба дастовардҳои муҳими даврони Истиқлоли давлатӣ, рушди соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва мавқеи зан дар сиёсати давлатдорӣ суханронӣ намуда, таъкид кард, ки арҷгузорӣ ба арзишҳои миллӣ ва таҳкими Истиқлоли давлатӣ заминаи муҳим барои пешрафти давлат ва ҷомеа мебошад.
Сипас, Бухоризода Сафаргул, намояндаи Раёсати кафолатҳои ҳуқуқи инсони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар мавзӯи «Таҳкими мақоми зан дар заминаи Истиқлоли кишвар» маърӯза намуда, доир ба дастгирии давлатии занон ва фароҳам овардани имкониятҳои баробар барои иштироки онҳо дар ҳаёти ҷомеа ибрози назар кард.
Ҳамчунин, намояндаи Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мавқеи Истиқлоли давлатӣ дар таҳкими мақоми зан дар ҷомеа ва татбиқи барномаҳои давлатии марбут ба занону бонувон суханронӣ намуд.
Дар фарҷоми ҳамоиш байни иштирокдорон мубодилаи афкор сурат гирифта, масъалаҳои вобаста ба нақши занон дар таҳкими Истиқлоли давлатӣ, ҳифзи сулҳу субот ва рушди ҷомеа мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 

19.08.2026 13:38
129