Дуздӣ
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз тарафи кормандони ШВКД дар ноҳияи Ашт шаҳрванд Абдуқодиров А.А., соли таваллудаш 1968, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Ашт дастгир карда шуд.
Номбурда, санаи 16-августи соли 2026, тахминан соати 02:20-дақиқа дар ҳолати масти аз ҳудуди заминҳои хоҷаги деҳқонӣ ба номи «Шоҳназар», воқеъ дар деҳаи Гулшан 2-и ҷамоати деҳотӣ Шодоба, 2-сар говро, ки арзишашон 27.000-сомониро ташкил медиҳад ва ба шаҳрванд Шомуродов Х.Ш., соли таваллудаш 1991, истиқоматкунандаи ҷамоати деҳоти Шодобаи ноҳияи Ашт тааллуқ дорад, дуздидааст.
Нисбати шаҳрванд Абдуқодиров А.А., парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 244 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.














