Майдавбошӣ
Дар шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ наворе паҳн гардид, ки як гурӯҳ ҷавонон ҳангоми ҳаракати воситаҳои нақлиёт аз тирезаҳои паҳлӯии автомашинаҳо худро ба берун бароварда, бо садоҳои гушхароши таҳқиромез тартиботи ҷамъиятиро вайрон ва оромии сокинонро халалдор намудаанд ва бо ин кирдорашон ҳуқуқвайронкунии маъмурии дар моддаи 460-и КҲМ Ҷумҳурии Тоҷикистон (майдаавбошӣ) пешбинишударо содир кардаанд.
Дар натиҷаи доир намудани санҷишҳои мақсаднок аз ҷониби кормандони милитсия муайян гардид, ки ин нафарон Одинаев Суруш соли таваллудаш 2005, Уразов Қобилҷон соли таваллудаш 2007, Некматзода Акмал соли таваллудаш 2007, Тошов Саид соли таваллудаш 2007, Исматов Бунёд соли таваллудаш 2007 ва Одинаев Хусрав соли таваллудаш 2006 истиқоматкунандагони ҷамоати деҳоти Баҳори шаҳри Ваҳдат мебошанд.
Боздоштгардидагон 16 августи соли 2026 тахминан соатҳои 12:00 дақиқа дар ҳудуди шаҳри Ваҳдат ҳангоми иштирок намудан дар тӯйи рафиқашон Аминов Алиҷон ба чунин кирдор даст задаанд.
Нисбати номбурдагон корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чораҳои қонунӣ андешида шуд.















