Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Роҳзанӣ

Санаи 18-августи соли 2026, шаҳрванд Ёралиев И., соли таваллудаш 1955, истиқоматкунандаи кӯчаи М.Турсунзода ба ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ муроҷат намудааст, ки ки санаи 18-августи соли 2026, тахминан соати 03:30-дақиқа дар кӯчаи М.Турсунзода шахси номаълум бо корд ба ӯ таҳдид намуда, ошкоро аз ҷайбаш 120-сомониро тасарруф намуда, аз ҷои ҳодиса ғайб задааст. 
Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони ШВКД дар ноҳияи И.Сомонӣ муайян кардаанд, ки ҷиноятро шаҳрванд Бердиев Валиҷон соли таваллудаш 1986 истиқоматкунандаи кӯчаи Сари Осиёи шаҳри Душанбе содир намудааст. 
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.

19.08.2026 10:47
96