Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани ҷинояти одамкушӣ

Кормандони ШВКД дар ноҳияи Файзобод ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Раҷабов Зиёбег Эмомалиевич соли таваллудаш 1976 истиқоматкунандаи деҳаи Меҳрободи ноҳияи Файзободро, ки қаблан бо моддаи 111-и Кодекси ҷиноятии Федератсияи Россия суд шудааст, барои содир намудани ҷинояти одамкушӣ дастгир намуданд. 
Номбурда, 18 августи соли 2026, тахминан соати 00:05-дақиқа дар заминаи рашк ва бадгумонӣ бо ҳамсараш Умарова Ҳавасгул Искандаровнa соли таваллудаш 1977 муноқиша намуда, дар дохили ҳаммоми ҳавлии истиқоматиашон ӯро лату кӯб кардааст. Сипас, бо мақсади аз ҳаёт маҳрум намудан бо сими алюминӣ ба гардани ҳамсараш 2 маротиба тоб дода, бо дастонаш роҳҳои нафас-даҳон ва биниашро буғӣ карда, ба қатл расонидааст. 
Нисбати Раҷабов Зиёбег бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

19.08.2026 10:41
74