Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Баргузории вохӯрии сеюми «Шабакаи занон GLO.ACT» дар Ҷумҳурии Туркия

18-19 августи соли 2026 дар шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия, вохӯрии сеюми «Шабакаи занон GLO.ACT» таҳти унвони «Дастовардҳои охирин ва мушкилот дар давлатҳои шарикони GLO.ACT аз нуқтаи назари гендерӣ» багузор мегардад.
Дар чорабинии мазкур намояндагони давлатҳои шарики GLO.ACT, аз ҷумла ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иштирок намуда истодаанд. Тоҷикистонро раиси Комиссияи байниидоравӣ оид ба муқовимат ба савдои одамон, муовини якуми вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Аламшозода Абдураҳмон Аламшо намояндагӣ карда, дар чорабинӣ суханронӣ намуд. 
Ҳамчунин дар доираи вохӯрӣ муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Нигина Ализода ва муовини сардори Маркази муқовимат ба савдои одамони Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои муташаккилонаи ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон Бухоризода Беҳрӯз Рустам бо маърӯза баромад намуданд.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои мубориза бо савдои одамон, ҳифзи ҳуқуқ ва расонидани кумаки зарурӣ ба қурбониёни ин ҷиноят, инчунин тамоюлҳо ва хусусиятҳои савдои одамон дар давлатҳои шарики GLO.ACT мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ҳадафи асосии вохӯрӣ мубодилаи таҷриба ва маълумот дар самти муқовимат ба савдои одамон ва дастгирии қурбониёни он, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ, инчунин фароҳам овардани имконият барои ташкили робитаҳои касбӣ миёни занони мутахассис дар ин самт мебошад.
Интизор меравад, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба таҳкими ҳамкориҳои байнидавлатӣ ва баланд бардоштани самаранокии тадбирҳо дар самти пешгирӣ ва мубориза бо савдои одамон мусоидат хоҳад кард.
Чорабинии мазкур идома дорад.

18.08.2026 13:28
83