ҚАЛЛОБӢ
Моҳи марти соли 2025 шаҳрванд Нозимов Н.М., соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Шоҳмансур, бо роҳи фиреб ба боварии Негматов С.С., сокини шаҳри Кӯлоб, даромада, аз ӯ 100 ҳазор доллари ИМА гирифта, ваъда додааст, ки бар ивази маблағи мазкур хонаи истиқоматии масоҳаташ 89 метри мураббаъро дар кӯчаи Қаҳҳоров, 123, ба номи ӯ ҳуҷҷатгузорӣ карда медиҳад, аммо то ҳол ваъдашуда иҷро накардааст.
Ҳамчунин, моҳи апрели соли 2025 шаҳрванд Бобоева И.О., соли таваллудаш 1968, сокини шаҳри Гулистон, дар ҳудуди бозори «Панҷшанбе»-и шаҳри Хуҷанд бо роҳи фиреб аз шаҳрванд Яқубова С.О., ҷавоҳироти тиллоӣ ба маблағи 181 ҳазор сомонӣ ба таври ғайринақдӣ гирифтааст. Аз маблағи мазкур танҳо 3 ҳазор сомонӣ баргардонида шуда, 178 ҳазор сомонӣ то ҳол пардохт нашудааст.
Нисбат ба ҳар ду ҳолат маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, тафтишоти пешакӣ идома дорад.
Мақомоти корҳои дохилӣ аз шаҳрвандон даъват менамоянд, ки ҳангоми супоридани маблағҳои калон, хариду фурӯши манзил, гирифтани молу мулк ва анҷом додани дигар муомилоти молиявӣ эҳтиёткор бошанд. Пеш аз харидорӣ ё супоридани молу мулк зарур аст, ки шахсияти тарафи дигар, мақсади муомила ва ҳуҷҷатҳои тасдиқкунанда бодиққат санҷида шаванд.
















