Семинар - машварати омӯзишӣ барои кормандони хадамоти кадрии милитсияи вилояти Хатлон
Санаи 17 августи соли ҷорӣ гурӯҳи кории Раёсати кадр ва кор бо ҳайати шахсии ВКД ҷиҳати баррасӣ ва омӯзонидани Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Низомномаи адои хизмат аз тарафи ҳайати қаторӣ ва роҳбарикунандаи мақомоти корҳои дохили Ҷумҳурии Тоҷикистон”, ки ба тозагӣ қабул гардидааст, барои воҳидҳои кадрии мақомоти корҳои дохилии вилояти Хатлон семинар - машварати омӯзишӣ баргузор намуданд.
Гуфта шуд, Низомнома тартиб ва шартҳои адои хизматро дар мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба танзим дароварда, вазъи ҳуқуқии кормандони МКД -ро муайян мекунад.
Дар идома муовини сардори Раёсати кадр ва кор бо ҳайати шахсии ВКД полковники милитсия Каримзода Эраҷ Ҳотам ва гуруҳи кории ӯро ҳамроҳикунанда, ки кормандони ботаҷрибаи соҳаи кадрии ВКД ва мутахасисони ҳамин самти фаъолият мебошанд бо маърӯзаҳои таълимӣ ва дастуриву методӣ баромад намуданд.
Аз ҷониби масъулин доир ба заминаҳои ҳуқуқӣ ва доираи амали Низомнома, ихтисор ва тағйироту иловагиҳои воридгардида маълумоти муфассал дода шуд.
Зимни чорабинӣ тартиби қабул шудан ба кор дар сафи мақомоти корҳои дохилӣ, ҳуқуқу уҳдадориҳои корманд ҳангоми фаъолият, сохтори ташкилӣ ва талабот ба корманд, гузаштан ба дигар вазифа, қарор доштан дар ихтиёри кадрҳо, тартиби пардохтпулӣ ҳангоми баромадан ба рухсатӣ ва сафарҳои хизматӣ, ҳавасмандиҳои соҳавию давлатӣ, раванди ҷобаҷогузории кадрҳо ва дигар талаботу навовариҳои дар Низомнома дарҷ гардида мавриди таваҷҷуҳ қарор гирифт.
Дар навбати худ иштирокчиёни семинар бо пешниҳоди саволҳо дар муҳокимаронӣ ширкат варзида вобаста ба ҳалли мушкилоти дар амалия рӯ ба рӯ шаванда аз ҷониби мутахассисон дастурҳои методӣ гирифтанд.
Инчунин дар ҷараёни семинар - машварат Низмномаи захираи кадрҳои МКД Ҷумҳурии Тоҷикистон низ мавриди омӯзиш қарор гирифт. Қайд гардид, ки тартиб додани рӯйхати захираи кадрӣ ҷиҳати саривақт таъмин намудани вазифаҳои нокомили ҳайати роҳбарикунанда дар тамоми ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ талаботи Низомномаи мазкур аст.
Дар хотима ба иштирокчиёни ҳамоиши таълимӣ дастур дода шуд, ки дар такя бо ҳуҷҷатҳои зикргардида фаъолияти кориро ба роҳ монда, риояи интизому қонуниятро аз ҷониби ҳайати шахсӣ назорат ва ба савияи дониши номзадҳо таваҷҷуҳ намоянд. Чунин муносибат имконият медиҳад, ки кормандони босаводу боинтизом фаъолияти мақомотро пеш баранд. Инчунин, бори дигар дастуру супоришҳои Вазири корҳои дохилӣ генерал - полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро дар самти ташкили омӯзиши забонҳои хориҷӣ, мутолеаи китобҳои тавсиявӣ, асарҳои бадеӣ, аз ҷумла дар ҷараёни чорабиниҳо ташкили шоҳномахонӣ расонида шуд.



















