Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани ҷинояти дуздӣ

Ба ШВКД ноҳияи Данғара аризаи шаҳрванд Одинаев Р.А., соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандаи ноҳияи мазкур ворид гардид, ки аввалҳои моҳи июли соли 2026 шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз чарогоҳи деҳаи Кули-Суфиёни ноҳияи Данғара 1-сар говро дуздидаанд ва зарари расонидашуда 21000 сомониро ташкил медиҳад. 
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи мазкур муайян карда шуд, ки ин ҷиноятро шаҳрванд Сайдуллозода Сафаралӣ соди таваллудаш 2000,  Рустамҷонзода Суҳроб соли таваллудаш 2007, Нурализода Хуршед соли таваллудаш 2007 ва Қаҳҳорзода Шаҳром соли таваллудаш 2007 истиқоматкунандагони  ноҳияи Данғара содир намудаанд. 
Аз рӯйи ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.

17.08.2026 11:24
52