Кирдори бадахлоқона бо истифода аз боварии динӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД-1 дар шаҳри Исфара ҷинояти хусусияти шаҳвонидошта бо истифода аз боварии динӣ ошкор карда шуд. Муайян гардид, ки шаҳрванд Исомиддинов Садриддин соли таваллудаш 1981, истиқоматкунандаи шаҳри Конибодом, муваққатан истиқоматкунандаи шаҳри Исфара, ки пеш бо моддаи 247 қисми 4 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, бо баҳонаи дуохонӣ нисбати ҷавонзанони корафтода ҳаракатҳои бадахлоқона анҷом медодааст. Аз ҷумла номбурда 13 августи соли 2026, бо мақсади дуохонӣ ба хонаи истиқоматии шаҳрванд А.Н, истиқоматкунандаи шаҳри Исфара омада, дар вақти дуохонӣ бо истифодаи аз боварии динӣ нисбати ӯ ҳаракатҳои бадахлоқона содир кардааст.
Нисбати шаҳрванд Исомиддинов С.Н. парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 141 иловаи 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















