Дуздӣ
Шаҳрванд Гулова Г.А., соли таваллудаш 1981, истиқоматкунандаи ноҳияи Шаҳринав бо ариза дар он хусус муроҷиат кард, ки санаи 12 августи соли 2026, тахминан соати 10:00, шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ аз назди ҳавлии истиқоматиаш 1-сар чорвои калони шохдорро дуздида, ба ӯ 8000 сомонӣ зарари молӣ расонидаанд.
Дар натиҷаи доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби корманди ШКҶ ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав маълум карда шуд, ки ин ҷиноятро Назиров Мансур, соли таваллудаш 1981 ва Сафаралиев Дилшод соли таваллудаш 1992, истиқоматкунандагони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе содир намудаанд.
Тафтишоти пешакӣ муайян намуд, ки номбурдагон дар ду ҳолати дигари дуздии чорвои сокинони ноҳияи мазкур низ даст доранд.
Оиди ин ҳолатҳо маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, тафтишот ба роҳ монда шудааст.















