Авбошӣ
Дар асоси аризаи шаҳрванд Нуриддинов С.Н., соли таваллудаш 2003, истиқоматкунандаи деҳаи Гармчашмаи ноҳияи Ишкошим, ки ба ҳайси пешхизмати ошхонаи "Чашма", воқеъ дар деҳаи Гармчашма фаъолият мекунад, кормандони ШВКД дар ноҳияи мазкур муайян намуданд, ки санаи 16 августи соли 2026, тахминан соати 09:30, шаҳрвандон Давлатшоев Аброр ва Рустамбеков Аслан, соли таваллудашон 2008, истиқоматкунандагони шаҳри Хоруғ ба ошхонаи мазкур ворид гардида, бе ягон асос ҷангу муноқиша намуда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон кардаанд. Дар рафти муноқиша Давлатшоев А.А., бо корди бо худ доштааш як маротиба ба тарафи чапи шикамаи Нуридинов С.Н. зарба задааст, ки дар натиҷа ҷабрдида бо бардоштани ҷароҳати ҷисмонӣ дар беморхонаи шаҳри Хоруғ бистарӣ гардидааст. Дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҷиноят ошкор гардида, гумонбарон муайян ва дастгир карда шуданд.
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.















