Авбошии гурӯҳӣ дар шаҳри Хуҷанд
Шаби 10-уми августи соли 2026, тахминан соати 02:30, дар назди хобгоҳи №44-и маҳаллаи 31-уми шаҳри Хуҷанд ду гурӯҳ ҷавонон байни ҳам муноқиша ва занозанӣ карда, тартиботи ҷамъиятиро дағалона вайрон намуданд. Дар натиҷаи доир намудани чорабиниҳои оперативӣ- ҷустуҷӯӣ милитсияи шаҳри Хуҷанд шахсияти гумонбарони ҷинояти авбоширо муайян ва онҳоро боздошт намуд. Гумонбарон сокинони шаҳри Хуҷанд, навоҳии Панҷ, Мастчоҳ ва Деваштич, ки бархе аз онҳо қаблан барои содир кардани ҷинояти авбошӣ ва дуздӣ суд шудаанд, шабона ҷамъ омада, бо алфози қабеҳ якдигарро дашном дода, занозанӣ намудаанд ва ба оромии шаҳрвандон дар нимашаб халал расонидаанд.
Нисбати иштирокчиёни кирдори авбошӣ чораҳои қонунӣ андешида мешавад.
















