Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор гардидани ҷинояти одамкушӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Ҳисор ҷинояти махсусан вазнин-одамкушӣ ошкор гардид ва содиркунандаи он дастгир карда шуд.
Аминзода Шукрона соли таваллудаш 1997, сокини ҷамоати шаҳраки Шарораи шаҳри Ҳисор, дар хонаи истиқоматиаш бо шавҳараш Тағоев Давлатмурод соли таваллудаш 1991 муноқиша карда, бо истифода аз корд 4 маротиба ба қафаси синаи шавҳараш зарба задааст.
Дар натиҷа, шаҳрванд Тағоев Д., ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷои ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса аз ҷониби Прокуратураи шаҳри Ҳисор нисбати Аминзода Ш.Н. бо моддаи 104-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.

15.08.2026 10:01
86