Тамаъҷӯӣ
Кормандони ШВКД дар ноҳияи Шаҳринав шаҳрванд Ғоибов О.О., соли таваллудаш 2003, сокини ноҳияи мазкурро бо гумони тамаъҷӯӣ дастгир намуданд.
Номбурда бо шаҳрванд Б.М. муносибати ошиқона дошта, бо мақсади ба даст овардани маблағ ӯро таҳдид кардааст, ки аксҳои хусусии ӯро, ки дар телефони мобилиаш нигоҳ дошта мешуданд ба наздиконаш равон менамояд.
Ба воситаи таҳдид Ғоибов О.О., аз ҷабрдида дар ду марҳила, маротибаи аввал 6 ҳазор сомонӣ тавассути ҳамёни электронии «Душанбе Сити» ва маротибаи дуюм 8 ҳазор сомонӣ пули нақд, ҷамъ 14 ҳазор сомонӣ талаб намуда гирифтааст.
Оид ба ҳолати мазкур корҳои тафтишотӣ идома доранд.















