Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Хуҷанд шаҳрванд Пулотов М. Ш., соли таваллудаш 2006, бо гумони содир намудани ҷинояти қасдан расонидани зарари вазнин ба саломатӣ дастгир гардид.
Гумонбар 11 августи соли 2026, тахминан соати 02:30, дар ҷойи кор — ҶДММ «Далерон», воқеъ дар маҳаллаи Чашмаи Арзанаи шаҳри Хуҷанд, бо ҳамкораш Алиев А.А., соли таваллудаш 2007, муноқиша карда, як маротиба ба сару рӯи Алиев А. зарба задааст. Дар натиҷа, Алиев А. ба замин афтода, ҷароҳати ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии вилояти Суғд бистарӣ гардидааст.
Мувофиқи хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ, ҷароҳати бардоштаи ҷабрдида ҳамчун ҷароҳати вазнин ба саломатӣ арзёбӣ шудааст. Аз рӯи ин ҳолат нисбат ба Пулотов парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 110 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардидааст.
 

14.08.2026 10:08
42