Ташкили фоҳишахона
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони РМЗҶМ ВКД
санаи 13-уми августи соли 2026 шаҳрванд Абдулҳақова Б.Д., соли таваллудаш 1974, истиқоматкунандаи кӯчаи Хуросони шаҳри Ваҳдат барои ташкили фоҳишахона дастгир карда шуд.
Номбурда аз соли 2025 то инҷониб бо мақсади ба даст овардани фоидаи муфт манзили истиқоматиашро ба фоҳишахона табдил дода, барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит фароҳам овардааст ва ҳамчун мукофотпулӣ аз шаҳрвандон аз 500 то 1000 сомонӣ ҳаққи хизмат гирифтааст.
Нисбати шаҳрванд Абдулҳақова Б.Д., бо моддаи 239 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, тафтишот идома дорад.















