Ҷаласаи Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон
13 августи соли 2026 дар Вазорати корҳои дохилии Федератсияи Россия ҷаласаи навбатии Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия таҳти роҳбарии Вазири корҳои дохилии Федератсияи Россия генерали политсияи Федератсияи Россия Колоколсев Владимир Александрович ва Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро баргузор гардид.
Дар оғози ҷаласа таъкид гардид, ки ҳамкории мақомоти корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия дар заминаи муносибатҳои дӯстона ва ҳамкории бисёрҷонибаи ду давлат сол то сол густариш ёфта, дар самти мубориза бар зидди ҷинояткорӣ, таъмини амнияти шаҳрвандон ва таҳкими ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ду кишвар натиҷаҳои назаррас ба даст оварда шуда истодааст.
Дар ҷараёни ҷаласа масъалаҳои мубориза бо ҷинояткории муташаккил ва пешгирии фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятии фаромиллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, роҳҳои таҳкими ҳамоҳангсозии фаъолияти мақомоти дахлдори ду кишвар муайян карда шуданд.
Инчунин оид ба масъалаи фаъолияти муштарак дар самти муқовимат ба экстремизм ибрози назар карда шуда, таъкид гардид, ки дар шароити муосир таҳкими ҳамкории мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мубодилаи саривақтии иттилоот ва андешидани чораҳои муштарак барои пешгирии паҳншавии ғояҳои ифротӣ ва фаъолияти гурӯҳҳои экстремистӣ аҳамияти махсус дорад.
Ҳамзамон, ҷонибҳо масъалаи рушди ҳамкории байни воҳидҳои ташхисию (эксперт) криминалистии вазоратҳои корҳои дохилии ду давлатро баррасӣ намуда, аҳамияти мубодилаи маълумоти дактилоскопӣ ва такмили мутахассисони соҳаи экспертизаро муҳим шумориданд.
Дар идомаи ҷаласа масъалаҳои марбут ба муҳоҷират, баланд бардоштани самаранокии мубодилаи иттилоот, истифодаи имкониятҳои муосири рақамӣ дар фаъолияти мақомоти корҳои дохилӣ ва таҳкими заминаи меъёрии ҳуқуқии ҳамкории байнидавлатӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар натиҷаи ҷаласаи Мушовараи якҷоя Фармони муштараки Вазоратҳои корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон, қарорҳои дахлдор ва Нақшаи кории Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2027 ба имзо расонида шуданд.
Дар фарҷоми ҷаласа аз натиҷаҳои бадастомада ва сатҳи ҳамкориҳои дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда шуд.
Қобили зикр аст, ки ҳадафи асосии Мушовараи якҷояи Вазоратҳои корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия баррасии ҳамаҷонибаи масъалаҳои муҳими соҳаи ҳамкориҳои мақомоти корҳои дохилии ду кишвар, таҳкими ҳамкориҳои муштарак дар самти мубориза бо ҷинояткорӣ ва таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, муайян намудани самтҳои афзалиятноки рушди ҳамкориҳои дуҷониба, инчунин таҳия ва татбиқи чораҳои мушаххас ҷиҳати пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар ҳудуди ҳарду давлат мебошад.




















