Мизи мудаввар оид ба ҳамкории милитсия бо ҷомеа дар вилояти Хатлон
12 августи соли 2026 тибқи Нақшаи муштараки Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Дафтари барномавии САҲА дар Душанбе дар РВКД дар вилояти Хатлон давраи дуюми мизи мудаввар оид ба тақвият додани фаъолияти Шӯроҳои ҷамъиятӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсия, полковники милитсия Толеҳзода Азам Толиб, намояндагони Дафтари барномавии САҲА дар шаҳри Душанбе, кормандони мақомоти корҳои дохилӣ ва аъзоёни Шӯроҳои ҷамъиятӣ иштирок намуданд.
Зимни суханронӣ Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба нақши Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар таҳкими робитаи милитсия бо аҳолӣ, пешгирии ҷинояту ҳуқуқвайронкуниҳо ва баланд бардоштани эътимоди ҷомеа ба мақомоти корҳои дохилӣ таъкид намуд.
Ҳамзамон, фаъолияти Шӯроҳои ҷамъиятии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон баррасӣ гардида, мушкилоти мавҷуда ва роҳҳои тақвияти фаъолияти минбаъдаи онҳо мавриди муҳокима қарор гирифтанд.
















