Садамаи нақлиётии марговар
11-уми августи соли 2026, тахминан соати 23:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Тойота Авалон», рақами давлатиаш 53 01 МТ 02, Ҷӯраев Илёсбек Иркабаевич, соли таваллудаш 2001, истиқоматкунандаи ноҳияи Ҷ.Расулов, ҷамоати деҳоти Меҳробод, ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди ноҳияи мазкур, дар наздикии нуқтаи фурӯши сӯзишвории «Файз», бехатарии ҳаракати роҳро таъмин карда натавониста, ба мототсикли тамғаи «Ява», ки таҳти идораи сокини ноҳияи Спитамен Умриддинов Ҳусниддин Камолиддинович, соли таваллудаш 2006 қарор дошт, бархӯрдааст.
Дар натиҷа ронандаи мототсикл Умриддинов Ҳ.К. ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Оид ба ин ҳодиса таҳқиқ ҷараён дошта, сабабу омилҳои рух додани он муайян карда мешавад.
Аз ҳамаи ронандагон талаб карда мешавад, ки қоидаҳои ҳаракати роҳро бечунучаро риоя намуда, суръати ҳаракатро аз меъёри муқарраршуда баланд накунанд ва бехатарии худ ва дигар ишитирокчиёни ҳаракат дар роҳро таъмин намоянд.


















