Боздошти ноболиғон барои содир намудани ҷинояти дуздӣ
Кормандони ШВКД дар шаҳри Ҳисор як ҷинояти дуздиро дар муҳлати кӯтоҳ ошкор ва фаъолияти ғайриқонунии гурӯҳи ноболиғонро пешгирӣ намуданд.
Шаҳрванд Ризоев Б.С. ба ШВКД дар шаҳри мазкур бо ариза муроҷиат кард, ки 9 августи соли 2026 тахминан соати 04:00-дақиқа шахсони номаълум бо роҳи пинҳонӣ ба дукони тезтайёраш, воқеъ дар шаҳри Ҳисор, кӯчаи Ф.Абдуллоев, даромада, аз онҷо 13 ҳазор сомонӣ, 1-адад телефони мобилии тамғаи “Айфон ХС-10” ва маҳсулотҳои хӯрокаро дуздидаанд. Зарари расонидашуда 14 ҳазору 200-сомониро ташкил медиҳад.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян карда шуд, 4 нафар ноболиғ сокинони шаҳри Ҳисор ҷинояти мазкурро содир намуданд.
Аз рӯи ин ҳолат маводҳои зарурӣ тартиб дода шуда, тафтишот давом дорад.

















