Дуздии чорво
Кормандони ШВКД дар ноҳияи Темурмалик ду нафар сокини ноҳияи мазкурро бо гумони содир кардани ҷинояти дуздии чорвои калони шохдор дастгир намуданд.
Гумонбарон Нурализода Х.С. ва Сайдуллозода С., 11 августи соли 2026 бо мақсади ба даст овардани даромади муфт, пинҳонӣ ба хонаи истиқоматии сокини ҷамоати деҳоти Кангурти ноҳияи Темурмалик шаҳрванд Увалов Ф.М., ворид шуда, аз он ҷо 4 сар чорвои калони шохдорро дуздида, аз ҷойи ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи ин амали ҷинояткорона ба ҷабрдида ба миқдори 40 000 сомонӣ зарари моддӣ расонида шудааст.
Нисбати боздоштгардидагон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.














