Садамаи нақлиётии марговар
10 августи соли 2026, тахминан соати 23:20, ронандаи автомашинаи боркаши тамғаи «HOWO-TX», рақами қайди давлатӣ 45-65 VV/03, Бегнаев Маҳмадалӣ Абдугапарович, соли таваллудаш 1988, сокини ноҳияи Ҷ. Балхӣ, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе–Панҷи поён аз самти ноҳияи Ҷайҳун ба самти ноҳияи Ҷ. Балхӣ аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «Toyota Camry», рақами қайди давлатӣ 98-93 РА/01, таҳти идораи шаҳрванд Пирзода Холмаҳмад Хушватович, соли таваллудаш 2000, сокини ноҳияи Ҷайҳун, бархӯрдааст.
Бар асари бархӯрд мусофирони автомашинаи «Toyota Camry» — шаҳрванд Муҳаммадёров Абдураҳмон Абдусаломович, соли таваллудаш 1997 ва ноболиғ Назаров Мунис Ғоибназарович, соли таваллудаш 2017, сокинони ноҳияи Ҷайҳун ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона ба ҳалокат расидаанд.
Таҳқиқи ҳолати мазкур идома дорад.














