Дуздӣ
Ба ШВКД-1 дар ноҳияи Фирдавсӣ шаҳрванд Азизова С.Ш., сокини шаҳри Душанбе, муроҷиат намуд, ки 8 августи соли 2026, тахминан соати 11:40, шахсони номаълум дар «Бозори Корвон», бо роҳи пинҳонӣ аз нуқтаи савдои ӯ як адад телефони мобилии тамғаи «iPhone 15»-ро, ки арзишаш 14 ҳазор сомонӣ мебошад ва дар ҳамёни электрониаш 5 ҳазору 400 сомонӣ маблағ будааст, дуздидаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрвандон Зарифзода С.С., соли таваллудаш 2007, сокини ноҳияи Рӯдакӣ, Раҳматова З.А., соли таваллудаш 2005, сокини ноҳияи Фирдавсӣ, ва як нафар ноболиғ ҳамчун гумонбар дастгир гардиданд.
Ҳамзамон, рӯзи 11 августи соли 2026 зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Ғаффоров А.А., соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Гулистон бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда рӯзи 30 июли соли 2026, тахминан соати 01:00, дар кӯчаи Истиқлоли шаҳри Гулистон бо роҳи пинҳонӣ ноқилҳои алоқаи телефонии тамғаи ТПП 600х2-ро дуздидааст ва ба ҶСК «Тоҷиктелеком» ба маблағи 9 ҳазору 150 сомонӣ зарари моддӣ расонида шудааст.
Оид ба ҳар ду ҳолат тафтишотӣ ба роҳ монда шудааст.
















