САДАМАИ НАҚЛИЁТИИ МАРГОВАР
10 августи соли 2026 тахминан соати 05:30-дақиқа ронандаи автомашинаи барқии тамғаи “Донгфен”, рақами қайди давлатиаш 44-44 УL 02, Бобоев Шерзод Шуҳратович соли таваллудаш 2002 истиқоматкунандаи ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд, ҳангоми ҳаракат дар шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд аз самти вилояти Суғд ба самти шаҳри Душанбе, дар километри 38-уми ҳудуди ноҳияи Варзоб аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба дохили дарёи Варзоб воситаи нақлиётро чаппа намудааст. Дар натиҷа мусофири автомашина Маҳмудова Гулсара Иброҳимовна соли таваллудаш 1984, сокини шаҳри Гулистон ғарқ шуда, ба ҳалокат расидааст.
Таҳқиқи ҳолати мазкур идома дорад.
















