ДУЗДӢ
Дар асоси мактуби корхонаи давлатии “Таъмир, истифодабарии иншоотҳои манзили”-и шаҳри Бохтар ба ШВКД шаҳри мазкур оиди дуздида шудани як адад мототсикли боркаши сечарха, кормандони милитсия гумонбари ҷинояти дуздиро муайян ва дастгир намуданд.
Шаҳрванд Исмоилов Суҳроб соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи ноҳияи Ёвон, ки пеш бо моддаи 244 қисми 2-и Кодекси ҷинояти Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, боз такроран санаи 24.07.2026 тахминан соатҳои 23:00-дақиқа аз назди корхонаи давлатии “Таъмир, истифодабарии иншоотҳои манзили”-и шаҳри Бохтар як адад мототсикли боркаши сечарха, арзишаш 8000-сомониро пинҳонӣ тасарруф кардааст.
Оид ба ҳолати мазкур тафтишот идома дорад.
















