ҒОРАТГАРӢ
Шаҳрванд Раҳимбаев Ш.А., соли таваллудаш 1960, истиқоматкунандаи шаҳри Турсунзода ба ШВКД дар шаҳри мазкур муроҷиат намуд, ки санаи 10-уми августи соли 2026, тахминан соати 07:20-дақиқа, шахсони номаълуми ниқобпуш бо роҳи пинҳонӣ ба хонаи истиқоматиаш даромада, бо мақсади ғоратгарӣ ӯро мавриди лату кӯб қарор дода, аз ҷои ҳодиса ғайб задаанд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Турсунзода муайян карда шуд, ки ҷинояти мазкурро шаҳрвандон Алишеров М.Ҳ., соли таваллудаш 2004, Ғафуров С.С., соли таваллудаш 2004, истиқоматкунандагони шаҳри Турсунзода ва Махкамов О.Ҷ., соли таваллудаш 2004, истиқоматкунандаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе содир намудаанд.
Аз рӯйи ин ҳолат тафтишот идома дорад.















