Сохтакории ҳуҷҷат
Нисбати собиқ сардори Ассотсиатсияи хоҷагии деҳқонии «Меҳнат» дар ноҳияи Рӯшон Қишқоров А., барои сохтакории ҳуҷҷат парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
Номбурда, солҳои 2024–2025 дар ду марҳила ҳуҷҷатҳои ҳуқуқдиҳандаро бо роҳи сохтакорӣ омода карда, барои гирифтани кумакпулӣ ва пардохти музди меҳнат ба шаҳрвандони бекори ноҳияи мазкур додааст. Дар асоси ин ҳуҷҷатҳо аз Шуъбаи Агентии меҳнат ва шуғли аҳолии ноҳияи Рӯшон 14 ҳазор сомонӣ маблағ гирифта шудааст.
Тибқи маълумоти тафтишотӣ, маблағи мазкур ба шаҳрвандони бекор дода нашуда, ба манфиати шахсии Қишқоров А. истифода гардидааст.
Нисбати гумонбар аз ҷониби прокуратураи ноҳияи Рӯшон бо моддаи 340-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардидааст.















