Дуздӣ
21 июли соли 2026, тахминан соати 11:00, сокини шаҳри Истиқлол Бегматова Д. ба маркази савдои «Абдулазиз»-и бозори «Панҷшанбе» ворид шуда, аз дохили нуқтаи фурӯши тилло як адад гарданбанди тиллоиро гирифта, аз ҷойи ҳодиса ғайб задааст. Арзиши зарари расонидашуда 20 ҳазор сомонӣ муайян шудааст.
Баъдан, гумонбар гарданбанди мазкурро ба маблағи 11 ҳазору 650 сомонӣ ба як нафар сокини шаҳри Хуҷанд ба фурӯш баровардааст.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар шаҳри Хуҷанд Бегматова Д., дастгир гардида, нисбаташ бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.
















