Тамаъҷӯӣ
Дар ноҳияи Ашти вилояти Суғд кормандони милитсия як ҳолати содир намудани ҷинояти тамаъҷӯиро ошкор ва ҳамчун гумонбар дар ин ҷиноят як нафар занро дастгир намуданд.
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ сокини ноҳияи Ашт Ахмедова Н., соли таваллудаш 1984, дастгир гардид, ки номбурда аз муносибати ҷинсии ҷавони 26-сола бо як ноболиғ огоҳ шуда, бо мақсади ба даст овардани маблағ, бо роҳи таҳдид намудан, ки дар сурати надодани маблағ, воқеаро ба аҳли оила ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ хабар медиҳад, аз ҷавони 26-сола 60 ҳазор сомонӣ талаб карда гирифтааст.
Нисбати Ахмедова Н., бо моддаи 250 қисми 3 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот барои муайян кардани дигар ҳолатҳои ба ҷиноят алоқаманд идома дорад.















