Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Вохӯрии Вазири корҳои дохилӣ бо ҳайати захираи кадрҳои ВКД

7 августи соли 2026 Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерал-полковники милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо мақсади баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии кормандон бо ҳайати захираи кадрҳои Вазорати корҳои дохилӣ вохӯрӣ доир намуд.
Чорабинӣ тариқи видеоконференсия доир шуда, ҳайати захираи кадрии ҷузъу томҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар минтақаҳо ба таври маҷозӣ (онлайн) иштирок намуданд.
Дар оғози вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ иштирокчиёнро ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, аз дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла мақомоти корҳои дохилӣ ёдовар гардид. 
Зимни мулоқот Вазири корҳои дохилӣ ба масъалаи омода намудани кадрҳои соҳибтаҷриба ва арзанда барои ишғоли вазифаҳои роҳбарикунанда таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуд. Қайд гардид, ки кормандони ба захираи кадрӣ шомилбуда бояд пайваста дониш ва малакаи касбии худро такмил дода, барои фаъолияти минбаъда ҳамчун роҳбарони масъул омодагии ҳамаҷониба дошта бошанд.
Таъкид гардид, ки роҳбар пеш аз ҳама бояд ҷаҳонбинии васеъ, муносибати дуруст бо зердастон, фарҳанги баланди муошират, қобилияти таҳлилу қабули қарорҳои дуруст ва малакаи баланди идоракуниро доро бошад. 
Ҳамзамон, ба масъалаҳои забондонӣ, истифодаи дурусти имкониятҳои муосири хизматӣ, риояи интизоми хизматӣ ва масъулияти кормандон дар иҷрои вазифаҳои хизматӣ таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Дар фарҷоми вохӯрӣ Вазири корҳои дохилӣ ба ҳайати захираи кадрҳо барои баланд бардоштани сатҳи касбият, омӯзиши таҷрибаи пешқадам ва омодагӣ ба иҷрои вазифаҳои роҳбарикунанда дастурҳои мушаххас дод.

07.08.2026 14:16
214