Садамаи нақлиётӣ боиси марги пиёдагард гардид
6 августи соли 2026, тахминан соати 13:11, дар кӯчаи Қаҳҳорови шаҳри Душанбе садамаи нақлиётии марговар ба қайд гирифта шуд.
Ронандаи автомашинаи барқии тамғаи «DONFENG» Бобокалонов Ғиёсиддин Маҳмудҷонович, соли таваллудаш 1994, ҳангоми ҳаракат аз самти кӯчаи Ҳ. Шерозӣ ба самти кӯчаи А. Навоӣ пиёдагард Назаров Саймуҳаммад, соли таваллудаш 1982, сокини ноҳияи Ҳамадониро пахш намудааст.
Дар натиҷа пиёдагард ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона дастрас намудан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Таҳқиқи ҳолати мазкур идома дорад.
















