Қаллобӣ
Кормадони милитсия дар натиҷаи санҷиши аризаи воридшуда дар кирдори шаҳрванд Сатторзода Ф., соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Душанбе, ҷинояти қаллобиро ошкор намуданд.
Номбурда аз соли 2010 то инҷониб бо роҳи фиреб ба боварии бародараш С.С. ва хоҳараш С.Т. даромада, аз онҳо 150 ҳазор доллари ИМА гирифта, ваъда додааст, ки аз маблағҳои мазкур барои онҳо манзилҳои истиқоматӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе ва шаҳри Ваҳдат харидорӣ менамояд. Аммо баъдан маълум гардидааст, ки манзилҳои истиқоматӣ дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияҳои Сино ва Шоҳмансури шаҳри Душанбе харидоришуда, ба номи худи ӯ ва духтараш гузаронида шудаанд.
Оид ба ҳолати мазкур нисбати Сатторзода Ф. бо моддаи 247 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

















