Авбошӣ
Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Идиев Ш.М., соли таваллудаш 1996, сокини ноҳияи Файзобод, бо гумони содир намудани ҷинояти авбошӣ боздошт гардид.
Тибқи нишондоди боздоштгардида 5 августи соли 2026, тахминан соати 23:00 дар кӯчаи Ҳисори шаҳри Душанбе миёни ӯ ва Солихов М.Ф. муноқиша сар задааст ва зимни муноқиша Идиев Ш. бо корди дар дасташ буда ду маротиба ба пои рости Солихов М. зарба зада, ба ӯ ҷароҳати ҷисмонӣ расонидааст.
Оид ба ҳолати мазкур тафтишоти пешакӣ ба роҳ монда шудааст.















