Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Гумонбари дуздии чорво дастгир шуд

Ҳангоми гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Деваштич шаҳрванд Қурбонов Бахтиёр, соли таваллудаш 1987, истиқоматкунандаи шаҳри Истаравшан бо гумони содир намудани ҷинояти дуздӣ дастгир карда шуд.
Номбурда 31 июли соли 2026, тахминан соати 02:00 аз заминҳои саҳроии хоҷагии деҳқонии «Абдусамат Қодиров»-и ноҳияи Деваштич як сар чорвои калони шохдорро, ки арзишаш 18 ҳазор сомониро ташкил медиҳад ва ба шаҳрванд Комилов У.Ш. тааллуқ дорад,  пинҳонӣ рабудааст.
Оид ба шахсияти Қурбонов Бахтиёр қайд кардан ба маврид аст, ки ӯ гузаштаи доғдор дошта, қаблан низ барои содир кардани ҷинояти дуздӣ суд шудааст.
Нисбати гумонбар бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз гардида, тафтишот идома дорад.
Инчунин дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ шаҳрванд Маъруфи Садриддин, соли таваллудаш 1997, сокини ноҳияи Ёвон, ки ӯ низ қаблан бо ҷурми дуздӣ суд шудаст,  боз бо гумони даст доштан дар ин шакли ҷиноят дастгир карда шуд.
Номбурда 1 августи соли 2026, тахминан соати 12:00 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров аз хонаи истиқоматии шаҳрванд Баҳоваддинов Б.Ҳ. ҷавоҳироти гуногунро дуздидааст. Маблағи зарари расонидашуда 40 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Нисбати гумонбаршуда бо моддаи 244 қисми 2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз шудааст.

07.08.2026 9:24
29