Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мизи мудаввар оид ба фаъолияти Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар вилояти Суғд

Санаи 05 августи соли 2026 дар вилояти Суғд бо иштироки Ҳамоҳангсози миллӣ оид ба ислоҳоти милитсияи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, полковники милитсия Толеҳзода Азам Толиб, мизи мудаввар оид ба таҳкими ҳамкории милитсия бо ҷомеа ва баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Шӯроҳои ҷамъиятӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ муовинони сардорони шуъбаҳои Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, аъзои Шӯроҳои ҷамъиятӣ ва дигар шахсони масъул иштирок намуданд.
Зимни гузаронидани мизи мудаввар фаъолияти Шӯроҳои ҷамъиятӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд мавриди таҳлил ва баррасии ҳамаҷониба қарор гирифта, масъалаҳои таҳкими ҳамкории милитсия бо ҷомеа, баланд бардоштани самаранокии фаъолияти Шӯроҳои ҷамъиятӣ ва такмили механизми ҳамкории онҳо бо мақомоти корҳои дохилӣ муҳокима гардиданд.

07.08.2026 8:27
63