Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ду ҳодисаи дуздӣ ошкор гардид

Сокини ҷамоати деҳоти Чоргултеппаи ноҳияи Рӯдакӣ Шарифзода У.Д., ба ШВКД-1 дар ноҳияи мазкур муроҷиат намуд, ки шаби 3 августи соли 2026 аз дохили автомашинааш тамғаи «Хундай Старекс»,  як телефони мобилии «Samsung A12» ва 3 ҳазор сомонӣ маблағи нақд дуздида шудааст. Зарари умумӣ 4 ҳазор сомониро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи доир намудани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ гумонбари ҷиноят Рамазонов Марсель Дилшодович, ки қаблан низ барои содир намудани ҷиноят суд шудааст, муайян ва дастгир карда шуд.
Ҳамчунин аризаи сокини ҷамоати деҳоти К. Исмоилови шаҳри Ваҳдат Бобоев З.И., ба ШВКД дар шаҳри Ваҳдат ворид гардид, ки субҳи 5 августи соли 2026 аз назди Муассисаи давлатии «Хоҷагии манзилию коммуналӣ ва сохтмонӣ»-и МИҲД-и шаҳри Ваҳдат скутери электронии ӯ, ки арзишаш 5 ҳазору 200 сомониро ташкил медиҳад, дуздида шудааст. Дар ҷараёни чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ Раҷабов Ш. ва Давлатов О. бо гумони даст доштан дар ин ҷиноят дастгир карда шуданд.
Вобаста ба ҳар ду ҳолат тафтишот ба роҳ монда шудааст.

06.08.2026 9:37
31