Ошкор шудани ҷинояти роҳзанӣ дар ноҳияи Рашт
Кормандони Раёсати ВКД дар минтақа ва ноҳияи Рашт ҷинояти роҳзаниро, ки дар ҳудуди ноҳияи мазкур содир гардида буд, ошкор намуданд.
Шаҳрванд Ёқубов Р.А., бо ариза дар он хусус муроҷиат намуд, ки шаби 3 августи соли 2026, тахминан соати 01:30, шахси ниқобпӯш ба манзили истиқоматиаш ворид шуда, бо таҳдиди корд аз ӯ 100 ҳазор сомонӣ талаб кардааст. Ҳангоми пайдо накардани маблағ гумонбар бо баҳонаи овардани сӯзишворӣ барои оташ задани хона аз ҷойи ҳодиса фирор намудааст.
Дар натиҷаи чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ муайян гардид, ки ҷинояти мазкурро сокини ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт Мирхӯҷаев Муҳаммадидрис, соли таваллудаш 2004 содир кардааст.
Аз рӯи ин ҳолат тафтишот идома дорад.

















