Ду ҳолати пахши пиёдагард
3 августи соли 2026 дар ҳудуди шаҳрҳои Турсунзода ва Ваҳдат ду садамаи нақлиётии марговар ба қайд гирифта шуд, ки дар натиҷа ду пиёдагард ҷони худро аз даст доданд.
Тахминан соати 21:30 ронандаи автомашинаи тамғаи «Дэу-Тико» Азизбек Рӯзибоев, соли таваллудаш 2007, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Хуррамзамин ба самти деҳаи Саркор, дар назди масҷиди «Имом Бухорӣ»-и шаҳри Турсунзода аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Мусулмон Мавлонов, соли таваллудаш 1992-ро пахш намудааст. Дар натиҷаи ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ пиёдагард дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст.
Ҳамчунин, тахминан соати 22:45 дар шаҳри Ваҳдат ронандаи автомашинаи тамғаи «Опел Астра» Абдусаид Каримов, соли таваллудаш 1998, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагард Тағойхон Зикриллоев, соли таваллудаш 1959-ро пахш кардааст. Пас аз ин автомашина ба самти муқобили роҳ баромада, бо автомашинаи тамғаи «Опел Вектра» бархӯрдааст. Дар натиҷаи ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ пиёдагард ҳангоми ба беморхона интиқол додан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.
Аз рӯи ҳар ду ҳодиса таҳқиқот ба роҳ монда шудааст.

















