Телефони боварӣ Рӯзноманигори мобилӣ

    Телефони боварии Вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон (+992 37) 221-21-21... Хизмати Мадад бо рақами телефони 19-19-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ошкор шудани ҷинояти ғоратгарӣ дар шаҳри Ҳисор

Дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ кормандони ШВКД дар шаҳри Ҳисор як ҳолати содир намудани ҷинояти ғоратгариро ошкор намуданд, ки аз ҷониби пешсудшуда содир гардидааст.
Шаҳрванд Тиллоев С., соли таваллудаш 1998, сокини шаҳри Ҳисор ба ШВКД дар шаҳри мазкур муроҷиат намуд, ки 3 августи соли 2026, тахминан соати 16:10, ҳангоми дар кӯчаи Бобоҷон Ғафурови шаҳри Ҳисор қарор доштанаш, шахси номаълум ӯро бе ягон асос мавриди латукӯб қарор дода, аз ҷайбаш ошкоро 8150 сомониро тасарруф намудааст. 
Милитсия муайян намуд, ки ҷинояти мазкурро Илҳом Дултаев, соли таваллудаш 1990, сокини шаҳри Ҳисор, ки қаблан бо моддаи 244 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон суд шудааст, содир намудааст.
Вобаста ба ин ҳолат тафтишот идома дорад.

05.08.2026 8:24
28