Мусобиқаи кушоди гуштини миллӣ бахшида ба 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ
Дар доираи мусобиқаи кушоди варзишӣ аз рӯи намудҳои «Футболи хурд», «Гуштини миллӣ», «Шашка» ва «Шоҳмот» миёни кӯдакону наврасони шаҳри Душанбе, ки ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба нақша гирифта шудааст, рӯзҳои 31 июл – 1 августи соли 2026 дар маҷмааи варзишии Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон мусобиқаи гуштини миллӣ доир шуд.
Дар мусобиқа 15 даста бо иштироки 70 варзишгар аз мактабҳои варзишии шаҳри Душанбе ва дигар минтақаҳои ҷумҳурӣ қувваозмоӣ намуданд.
Аз рӯи натиҷаҳои мусобиқа ҷойи аввал насиби дастаи Шӯрои ҷумҳуриявии «Динамо»-и Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон гардид. Дастаи Мактаби варзишии шаҳри Кангурти вилояти Хатлон ҷойи дуюм ва дастаи Донишгоҳи технологии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ дар шаҳри Душанбе ҷойи сеюмро соҳиб шуданд.
Дар ҷамъбасти мусобиқа ғолибону ҷоизадорон аз ҷониби роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷом, медал, диплом, ифтихорнома ва туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз гардонида шуданд.
Варзишгарони ШҶ «Динамо»-и ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин мусобиқа натиҷаи назаррас нишон дода, дар маҷмӯъ соҳиби 8 медали тилло, 6 медали нуқра ва 13 медали биринҷӣ гардиданд.






















